Фурсати тавсеаи равобити Эрон ва Тоҷикистон дар давлати сенздаҳум
Мудири Муассисаи мутолеоту таҳқиқоти байналмилалии Аброри муосири Эрон гуфт: Равобити Эрону Тоҷикистон дар давлати сенздаҳум беҳбуд меёбад.
Обиди Акбарӣ бо ишора ба паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон гуфт: Ба назар мерасад равобити ду кишвар дар ҳоли тағйиру таҳаввулоти мусбат аст ва мақомоти аршади Тоҷикистон аз соли 2019 то кунун бар аҳамияти тақвият ҳарчӣ бештари равобит бо Эрон таъкид кардаанд.
Обиди Акбарӣ бо ишора ба пайвандҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунии ду кишвар, аз хости ҳамешагии мақомоти эронӣ барои таҳкиму тавсеаи равобити дӯстиву ҳамкориҳои судманд, бар асоси усули ҳусни тафоҳум сухан гуфт.
Вай афзуд: Равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора аҳамияти зиёде дошта ва ин муҳим ба далели пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии мавҷуд миёни ду кишвар будааст.
Мудири Муассисаи мутолеоту таҳқиқоти байналмилалии Аброри муосири Эрон дар идома изҳор дошт: Эрон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва пас аз ин иқдом равобити иқтисодиву сиёсии қобили таваҷҷуҳе бо ин кишвар барқарор кард.
Обиди Акбарӣ афзуд: Авҷи равобити ду кишвар дар ин солҳо ба нақши миёнҷигароёнаи Эрон дар поён додан ба буҳрони дохилӣ дар Тоҷикистон бармегардад.
Ӯ идома дод: Ба назар мерасад, равобити ду кишвар дар ҳоли тағйиру таҳаввулоти мусбат аст ва мақомоти аршади Тоҷикистон аз соли 2019 зимни талош ба манзури ҷуброни бархе костиҳо дар равобит бо Эрон, бар тақвияти ҳарчӣ бештари равобит бо Теҳрон талош мекунанд.
Мудири Муассисаи мутолеоту таҳқиқоти байналмилалии Аброри муосири Эрон муътақид аст, давлати ҷадиди Эрон бояд бо мудоро, танишзудоӣ ва иртиботи густарда бо Тоҷикистонро аз аҳдофи умдаи худ дониставу зимни барқарории субот дар равобит ва ҳамчунин шиносоии ҳамаи тавонмандиҳои мавҷуд дар ҳавзаҳои тамаддунӣ ва фарҳангӣ, дар ростои муносиботи ҳарчӣ бештару густардатар бо Душанбе ҳамаи талоши худро ба кор гирад.