Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи даргузашти устод Алии Ҳакимӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i70584-Паёми_таслияти_Раҳбари_муаззами_инқилоби_исломӣ_дар_пайи_даргузашти_устод_Алии_Ҳакимӣ
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар паёме даргузашти устод Алии Ҳакимиро ба хонаводаи он марҳум таслият гуфтанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 16, 2021 15:40 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи даргузашти устод Алии Ҳакимӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар паёме даргузашти устод Алии Ҳакимиро ба хонаводаи он марҳум таслият гуфтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ панҷшанбе дар паёме даргузашти устод Алии Ҳакимиро ба хонаводаи он марҳум таслият гуфтанд.

Дар матни паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон омадааст: Он марҳум ҳамаи умрро бо озодагиву саломати нафсу парҳезгорӣ гузаронид ва умед аст, ки акнун дар паноҳи раҳмату Ризвони илоҳӣ қарор гирифтааст.

Ҳуҷҷатулислом Алии Ҳакимӣ аз муаллифони Доиратулмаорифи Ал-Ҳаёт ва бародари устод Муҳаммадризо Ҳакимӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар Машҳад дори фониро видоъ гуфт.