Июл 16, 2021 16:26 Asia/Dushanbe
  • Интишори густардаи китобҳои мухталиф дар Испания бо меҳварияти шахсияти Имом Хумайнӣ (раҳ)

Ноширони испанияӣ китобҳои мухталифе дар мавриди абъоди мухталифи шахсиятии бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон мунташир карданд.

Шахсияти Имом Хумайнӣ (раҳ) бешак таъсири ҷаҳонӣ дошта ва инро бо нигоҳе бар осори мунташиршуда ба забонҳои мухталифи дунё дар бораи андешаи бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон метавон дарёфт.

Ноширони китоб дар Испания низ осори мутафовите дар мавриди шахсияти Имом Хумайнӣ (раҳ) мунташир карданд.

“Эрони Имом Хумайнӣ”( 1 ), “Эрон дар ҷаҳон” ( 2 ), “Ҷанги саҳюнистӣ алайҳи Имом Хумайнӣ” ( 3 ), “Эпизодҳои эронӣ” ( 4 ), “Раҳбарони бузурги қарни бистум: Имом Хумайнӣ (раҳ)”,  аз ҷумлаи осоре аст, ки дар солҳои ахир дар мавриди инқилоби исломӣ ва бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон мунташир шудааст.

 

 

 

Барчасп