Оғози ҳамоиши байналмиллалии гуфтугӯҳои фарҳангӣ бо меҳвари забону адабиёти форсӣ дар Машҳад
Вебинари байналмиллалии гуфтугӯҳои фарҳангӣ бо меҳвари забону адабиёти форсӣ дар донишкадаи адабиёти донишгоҳи Фирдавсии Машҳад оғоз шуд .
Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, муовини фарҳангӣ ва расонаии идораи кулли фарҳангу иршоди исломии Хуросони разавӣ дар ҳошияи ин ҳамоиш гуфт : Гуфтугуҳои фарҳангии Хуросони бузург дар чаҳор бахш ба сурати вебинар ва бо ҳузури устодони забон ва адабиёти форсии донишгоҳҳои кишварҳои мухталиф дар ҳоли баргузорӣ аст.
Афшини Туфҳагар афзуд : Илова бар устодони кишварҳои форсизабон, устодоне аз кишварҳои дигар низ дар ин ҳамоиш ҳузур доранд .
Вай гуфт : 31 устоди донишгоҳҳои Эрон ва 26 устод ҳам аз кишварҳои Шири-Ланка, Ҳиндустон, Узбекистон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Бангладеш дар ин ҳамоиш ширкат карданд .
Муовини фарҳангӣ ва расонаии идораи кулли фарҳангу иршоди исломии Хуросони разавӣ изҳор кард: Дар ин ҳамоиши 4 рӯза ҷаласоту нишастҳое бо мавзӯъоти забону адабиёти форсӣ, ҳунару меъморӣ, адён, ирфон, тасаввуф, мутолиъоти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар Хуросон баргузор мешавад ва устодон дар бораи ин мавзӯъот суханронӣ мекунанд .