Сафари дабири аввали Сафорати Тоҷикистон ба Ардабил
(last modified Tue, 20 Jul 2021 10:54:11 GMT )
Июл 20, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Сафари дабири аввали Сафорати Тоҷикистон ба Ардабил

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо раиси Утоқи бозаргонии устони Ардабил дидор кард.

Ба гузориши равобити умумии Утоқи бозаргонии Ардабил, Ҳусайни Пирмуаззин, раиси Утоқи бозаргонии устони Ардабил дар ин дидор гуфт, кишвари Тоҷикистон муштаракоти фарҳангии бисёре бо Эрон ва ба хусус устони Ардабил дорад.

Ӯ афзуд, ин иштирокот сабаби тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва гардишгарии дуҷониба хоҳад шуд.

Раиси Утоқи бозаргонии Ардабил изҳор дошт: Дар ин дидор дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо тавонмандиҳои Ардабил дар бахшҳои содироти ғайринафтӣ ва хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ошно шуд.

Вай афзуд, дар моҳҳои оянда як ҳайати иқтисодӣ аз Утоқи бозаргонии Ардабил ба Тоҷикистон эъзом мешаванд то барои афзоиши ҳамкориҳо бо мақомоти он кишвар ройзанӣ кунанд.

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон низ дар ин мулоқот гуфт, Ардабил ва Тоҷикистон иштирокот ва шабоҳати бисёре дар заминаи фарҳанг ва табиат доранд.

Маъруфҷони Абдураҳмон изҳор умедворӣ кард, ин дидорҳо боиси афзоиши ҳамкориҳои мутақобил шавад.

Вай афзуд, истиқлоли Тоҷикистон 30 сола мешавад, аммо табодулоти тиҷорӣ бо Эрон дар заминаҳои мухталиф ба ҳадди кофӣ афзоиш наёфтааст.

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон гуфт, Комиссиони муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон омодааст, ки шароитро барои густариши бештари муносибатҳо фароҳам кунад.

Маъруфҷони Абдураҳмон таъкид кард, дар заминаи гардишгарӣ, саноати дастӣ ва манотиқи санъатӣ ва тиҷорӣ ин имкон вуҷӯд дорад, ки равобити тиҷории хубе боҳам дошта бошем.

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон аз аъзои Утоқи бозаргонии Ардабил даъват кард барои имзои тафоҳумнома ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Бештар бихонед: