Даъвати раисиҷумҳури Туркманистон аз Раисӣ барои ширкат дар иҷлоси сарони ЭКО
(last modified Tue, 20 Jul 2021 13:02:49 GMT )
Июл 20, 2021 18:02 Asia/Dushanbe
  • Даъвати раисиҷумҳури Туркманистон аз Раисӣ барои ширкат дар иҷлоси сарони ЭКО

Раисиҷумҳури Туркманистон, аз раисиҷумҳури мунтахаби Эрон даъват кард то барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои соҳилии дарёи Хазар ва Иҷлоси сарони ЭКО, ба Ашқобод биравад.

Қурбонқулӣ  Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳурии Туркманистон имрӯз сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ аз Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури мунтахаби Эрон даъват кард, дар шашумин нишасти сарони кишварҳои соҳилии Дарёи Хазар ва Иҷлоси сарони ЭКО дар Ашқобод ширкат кунад.

Раисӣ низ бо табрики фаро расидани Иди Қурбон ба унвони иди бузурги мусулмонон ва низ табрики солрӯзи истиқлоли Туркманистон, гуфт, густариши равобит бо ҳамсоягон авлавияти Раисӣ бо баёни инки нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Туркманистон фаротар аз як кишвари сирфан ҳамсоя аст, ба зарфиятҳои густардаи ду кишвар барои иртиқои сатҳи равобит ишора карду афзуд, гуфтугӯҳои амалиётӣ барои шитоббахшӣ ба тавсеаи равобит бояд ҳарчӣ сареътар оғоз шавад.

Саидиброҳими Раисӣ тасреҳ кард, таҳаввулоти Афғонистон барои ҳар ду кишвар аҳаммияти зиёде дорад ва мақомоти ду кишвар бояд гуфтугӯҳо ва ройзаниҳои лозимро дар ин хусӯс дошта бошанд.

Раисӣ бо ташаккур аз даъвати раисиҷумҳури Туркманистон барои ҳузур дар Иҷлоси сарони ЭКО ва кишварҳои соҳилии Хазар ва низ сафари расмӣ ба ин кишвар ибрози умедворӣ кард, ҳарчӣ сареътар имкони дидору гуфтугӯ бо вай дар бораи масоили мавриди алоқаи ду кишвар фароҳам шавад.

Бердимуҳаммадов низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо табрики фарорсидани Иди Қурбон, барои Раисӣ дар симати раёсати ҷумҳурии Эрон орзӯи муваффақиятҳои фаровон кард ва гуфт, равобити Теҳрону Ашқобод дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ аст, ки ду миллатро амиқан ба ҳам пайванд медиҳад.

Бердимуҳаммадов бо баёни инки равобити ду кишвар бар асоси усӯли баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва манофеъи дуҷониба густариш ёфтааст, афзуд, ҳамкориҳо ва таомулоти ду кишвар дар арсаҳои байналмилалӣ низ дар сатҳи болое барқарор аст.