Июл 24, 2021 17:11 Asia/Dushanbe
  • Муштзани эронӣ муборизаашро дар Олимпиадаи Токио бо пирӯзӣ оғоз кард

Муштзани вазни 57 килограми Эрон, дар нахустин муборизаи худ дар бозиҳои Олимпии Токио ба пирӯзӣ расид.

Дониёли Шаҳбахш, узви тими миллии бокси Эрон, ки дар вазни 57 килограм ҳузур дорад, имрӯз (шанбе) дар нахустин муборизаи худ дар бозиҳои Олимпии Токио ба масофи Муҳаммад Ҳомут аз Мағриб рафт ва пас аз се ронд қаҳрамони африқоро шикаст дод. Шаҳбахш дар ин дидор се роунди мутаволиро бо бартарии фаннӣ нисбат ба ҳарифаш ба поён бурд ва дар интиҳо бо ҳукми доварон, ба унвони барандаи мубориза муаррифӣ шуд. Шаҳбахш дар даври баъдӣ, рӯзи чаҳоршанбе Алварес қаҳрамони ҷаҳон ва дорандаи 2 медали биринҷии олимпӣ аз Кубаро пеши рӯ дорад. Саидшоҳини Мӯсавӣ дигар  муштзани Эрон, низ дар бозиҳои Олимпии Токио аст, ки рӯзи душанбеи ин ҳафта ба ринг меравад.

 

Барчасп