Октябр 25, 2021 10:27 Asia/Dushanbe
  • Маросими тақдир аз медаловарони олимпӣ ва паралимпии Эрон бо ҳузури раиси ҷумҳурӣ

Маросими тақдир аз медаловарони олимпӣ ва паралимпии Токио бо ҳузури раиси ҷумҳурии Эрон баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, маросими тақдир аз медаловарони олимпӣ ва паралимпии Токио бо ҳузури Саидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳурии Эрон баргузор шуд ва дар ин маросим Саидҳамиди Саҷҷодӣ- вазири варзишу ҷавонон, қаҳрамонон ва пешкисватони варзиш низ ширкат карданд .
Иҷрои варзиши бостонӣ ва ҳунарнамоии варзишкорони размӣ бахше аз ин маросимро ташкил медиҳад.
Тақдир аз медаловарон суннате аст, ки Вазорати варзишу ҷавонон дар солҳои ахир ва пас аз ҳар давраи бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ ва дар маросими вижа ба он амал мекунад.
 

 

Барчасп