Июн 13, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Эътирози ҷопониҳо ба баргузории эҳтимолии Олампиадаи зимистонаи 2030 дар Токио
    Эътирози ҷопониҳо ба баргузории эҳтимолии Олампиадаи зимистонаи 2030 дар Токио

Мардуми Ҷопон бо баргузории тазоҳурот дар шаҳррҳои Токио ва Саппорои ин кишвар, мухолифати худро дар хусус тамоюли ин кишвар барои қабулии мизбонии Олампиадаи зимистонаи 2030 эълом карданд.

Кумитаи байналмиллалии Олампиада (IOC) дар нишасти моҳи май соли 2023, ки дар Бамбайи Ҳинд баргузор мешавад расман мизбонии Олампиадаи 2030-ро муъаррифи мекунад, то кунун Ҷопон, Амрико, Испания ва Канада алоқамандии худро барои мизбонии бозиҳои Олампиадаи зимистонаи 2030 эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, муътаризони ҷопонӣ имрӯз душанбе бо дар даст доштани банерҳои не ба Олампиада ва барои рифоҳ харҷ кунед не Олампиада, дар хусуси тамоюли Ҷопон барои қабули мизбонии Олампиада зимистонаи 2030 эътироз карданд.

Гуфтани аст харҷи расмии мизобони аз Олампиадаи тобистонаи соли гузашта дар Токио 13.6 миллиард доллар эълом шуд, ки ду баробар бештар аз баровардҳои авалия буд.

Мунтақидон дар Ҷопон бар ин боваранд, ки кумитаи байналмиллалии Олампиада (IOC) аз бахши харҷҳои баргузории Олампиадаи тобистонаи соли гузашта аз Ҷопон қарздор аст.

 

Барчасп