Генерал Саломӣ: Сипоҳ то рафъи комили мушкил канори мардуми Хузистон аст
(last modified Sat, 24 Jul 2021 13:39:28 GMT )
Июл 24, 2021 18:39 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Сипоҳ то рафъи комили мушкил канори мардуми Хузистон аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард, то рафъи комили мушкили ба вуҷӯд омада дар заминаи таниши обӣ дар Хузистон, канори мардуми ин устон ҳастем.

Генерал Ҳусайни Саломӣ имрӯз (шанбе) дар боздид аз рӯстоҳои дорои таниши обӣ дар устони Хузистон, ҷануби ғарбии Эрон гуфт, Хузистон муҳим ва муқаддас аст ва то интиҳои рафъи мушкил канори мардуми ин устон ҳастем.

Генерал Саломӣ афазуд, бо тавваҷуҳ ба раҳнамудҳои раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар хусӯси мушкилоти Хузистон, ки фармуданд, масъулон мушкилоти Хузистонро ҷиддӣ бигиранд, дар ин устон имрӯз ҳозир шудем то мушкилоти устонро баррасӣ ва рафъ кунем. Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ҳамчунин гуфт, дар тарҳи “Ғадир” ҳудӯди 525 километр лӯла бо қутри 2 метр аз минтақа Шуш кашида шуда, ки Сусангирд, Ҳамидия, 70 дарсади оби Аҳвоз, Хуррамшаҳр ва ободонро обрасонӣ мекунад ва ин тарҳро қароргоҳи созандагии Хотамуланбиё (с) анҷом медиҳад. Генерал Саломӣ дар идома афзуд,  дар буҳрони обии ахир низ бо талоши нерӯҳои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ 60 мошини обкаши 30 ҳазор литрӣ ба сӯрати сайёр дар 87 рӯсто дар ҳоли обрасонӣ ҳастанд ва имрӯз 40 дастгоҳи мошини сайёри дигар низ изофа мешавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи ҷумъа таъкид карданд, агар ба тавсияҳое, ки нисбат ба об ва фозилоби Хузистон анҷом шуда буд тавваҷуҳ мешуд, ҳоло мусалламан ин ишколотро надоштем, мардум нороҳатишонро бурӯз доданд ва ҳеч гилае намешавад аз онон дошт.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ тасреҳ карданд, масъулон вазифа доранд ба мушкилоти Хузистон расидагӣ кунанд.