Рӯҳонӣ: Дар заминаи таҳияи ваксина ба нуқтаи нисбатан матлубе расидем
-
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард дар заминаи таҳияи ваксина ба нуқтаи нисбатан матлубе расидем.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард дар заминаи таҳияи ваксина ба нуқтаи нисбатан матлубе расидем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раиси Ҷумҳурии Эрон "Ҳасани Рӯҳонӣ " рӯзи якшанбе гуфт: Дар заминаи таҳияи воксина бо вуҷуди ҳамаи мушкилот имрӯз тавонистем ба нуқтаи нисбатан матлубе бирасем ва раванди ваксинатсия суръати хубе пайдо кардааст.
Рӯҳонӣ, бо ишора ба иқдомоти иқтисодии давлат дар мувоҷиҳа бо корона афзуд: Бо иқдомоти анҷомшуда тавонистем тахтҳои бемористонеро барои мубталоён ба корона афзоиш диҳем.
Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт: Рушди иқтисодии кишвар дар соли гузашта ( 1399 ), ки дар бисёре аз кишварҳо манфӣ буд дар Эрон мусбати 6 / 3 дарсад буд.
Рӯҳонӣ таъкид кард: Содирот беш аз 69 дарсад ва воридот ҳудуди 37 дарсад нисбат ба се моҳаи аввали соли гузашта ( 1399 ) афзуда шудааст ва шоҳиди таъодули байни содирот ва воридот ҳастем.
Шасту якумин маҷмаъи солиёнаи Банки марказии Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи якшанбе бо ҳузури Раиси Ҷумҳурии Эрон баргузор шуд.