Афзоиши чашмгири ҳаҷми мубодилоти тиҷории Қирғизистон бо Эрон
(last modified Mon, 26 Jul 2021 04:09:29 GMT )
Июл 26, 2021 09:09 Asia/Dushanbe
  • Дар солҳои ахир гардиши молӣ байни Қирғизистон ва Эрон беш аз чаҳор баробар афзоиш доштааст
    Дар солҳои ахир гардиши молӣ байни Қирғизистон ва Эрон беш аз чаҳор баробар афзоиш доштааст

Дар пайи тасмими мақомҳои Теҳрону Бишкек мабнӣ бар афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ, мақомҳои Қирғизистон аз афзоиши мубодилоти тиҷории дуҷониба хабар доданд.

Дар ин иртибот, Шаршеев Айдин, муовини вазири дороии Қирғизистон дар нишасти тиҷорӣ бо намояндагони ширкатҳои бузурги Қирғизистон ва Эрон гуфт, дар солҳои ахир гардиши молӣ байни Қирғизистон ва Эрон беш аз чаҳор баробар афзоиш доштааст.

Дар ин нишаст, Даниел Ибраев, раиси Иттиҳодияи санъатгарон ва корофаринони Қирғизистон низ гуфт, омодаи эҷоди тамоми шароити лозим барои густариши равобит бо Эрон ҳастем.

Афзоиши арзиши мубодилоти тиҷории Эрону Қирғизистон нишон медиҳад, ки мақомҳои ду кишвар азми худро ба манзури густаришу таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҷазм кунанд. Пеш аз ин, дар рӯзи 27 моҳи октябри соли 2019, як тавофуқномаи тарҷеҳии муваққат миёни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аз ҷумла Қирғизистон бо ҳадафи густариши равобити тиҷорӣ ба имзо расида буд.

Аз замони имзои ин санади ҳамкорӣ арзиши мубодилоти тиҷории Эрон бо кишварҳои узви ин иттиҳодия аз ҷумла Қирғизистон раванди афзоишӣ доштааст. Ин ба маънои он аст, ки дар сӯрати фароҳам будани заминаҳои ҳамкорӣ ва вуҷӯди бархе заминаҳои тиҷорӣ, ҳамкориҳои иқтисодии Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Авруосиё раванди афзоишии худро ҳифз хоҳад кард. Тардиде нест, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бидуни заминаҳои ҳузури фарҳангӣ ва иҷтимоӣ имконпазир нест.

Дар ҳақиқат ҳузури фарҳангӣ ва иҷтимоии Эрон дар Қирғизистон метавонад заминаҳои густариш ва афзоиши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дукишварро фароҳам кунад. Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз коршиносони масоили Осиёи Марказӣ дидгоҳҳои бадбинонае дар заминаи ҳамкориҳои мутақобил доранд.

Ба унвони мисол, Данияр Назаров, коршиноси барҷастаи Қазоқистон дар умӯри иқтисодӣ муътақид аст: "Эрон дар заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, сармоягузории калон нахоҳад кард, чаро ки манофеъи ҳаддиақалӣ дар минтақа дорад".

Дар ҳоле, ки ба назар мерасад ҳузури Эрон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ илова бар муштаракоти фаровони фарҳангӣ, таърихӣ ва динӣ, дар шароити феълӣ низ ҳоизи аҳамият аст. Бидуни шак, баҳрагирӣ аз зарфияти расонаӣ ба манзури ифшои моҳияти ҷараёнҳои такфирӣ – террористӣ назири ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ амре зарурӣ ва иҷтинобнопазир аст.

Зарфияте, ки ҳатто дар Қирғизистон ба унвони кишвари пешрав дар амри мубориза бо ҷараёни террористии ДИИШ, ҳануз ба таври матлуб мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст. Бадеҳист, ки Эрон метавонад дар ин замина бо Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кунад.

Ногуфта намонад, ки Эрон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки пас аз фурупошии Шуравӣ, истиқлоли Қирғизистонро ба расмият шинохт ва дар фосилае камтар аз он, дар заминаи барқарории равобити расмӣ бо ин кишвар иқдом кард.

Қирғизистон ҷузви ҷумҳӯриҳои панҷгона дар Осиёи Марказӣ маҳсӯб мешавад, ки дар Эрон ин кишварро ба унвони ҳавзаи фарҳангии тамаддунии Эрон қаламдод мекунанд. Таърихи пурфарозу нишеби Эрону Қирғизистон бо якдигар пайванди  мустаҳкаме дорад ва мақомҳои ду кишвар талош мекунанд бо густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ин пайванди маънавиро бори дигар ба муносиботи дукишвар боз гардонанд.

Бештар бихонед: