Бародархондагии шаҳри Язд бо Хуҷанди Тоҷикистон
(last modified Tue, 27 Jul 2021 12:36:14 GMT )
Июл 27, 2021 17:36 Asia/Dushanbe
  • Бародархондагии шаҳри Язд бо Хуҷанди Тоҷикистон

Аъзои Шӯрои исломии шаҳри Язд бо имзои тафоҳумномаи бародархондагии ин шаҳр бо Хуҷанди Тоҷикистон мувофиқат карданд.

Ба гузориши ИМНО, бар асоси мусаввабаи аъзои Шӯрои исломӣ қарор аст, мақомоти шаҳрдории Язд бо мақомоти шаҳрҳои Карбалои Ироқ, Хуҷанди Тоҷикистон, Бурса ва Антиохияи Турция, Лиони Франция ва Гейделберги Германия тафоҳумномаи бародархондагӣ имзо кунанд.

Бародархондагӣ як паймонномаи ҷаҳонӣ ва шинохта шуда дар ҳавзаи мудирияти шаҳрист, ки ҳар шаҳр ин қарордодро бо тавваҷуҳ ба рӯйкардҳо, дағдағаҳо ва чашмандозҳои худ бо дигар шаҳрҳое, ки ба далоили мушаххасе онҳоро интихоб карда, мунъақид мекунад.

Қарордодҳои бародархондагӣ барои ҳар шаҳр ба хусӯс шаҳрҳои таърихӣ ва мироси ҷаҳонӣ, сармоя ва эътибор маҳсӯб мешавад ва каммияту кайфияти бародархондагии шаҳрҳо, шохис ва нишонгари эътибори онҳо дар миқёси ҷаҳонӣ аст.

Паймони бародархондагӣ ҳамчунин мунҷар ба тақвияти равобити шаҳрҳо дар ҳавзаҳои мухталиф монанди санъат, тиҷорат, муровидоти илмӣ ва донишгоҳӣ, барқарории таомулоти фарҳангӣ ва равнақи фаъолиятҳои гардишгарӣ мешавад.

Бештар бихонед: