Иди бузурги Ғадир муборак бод
(last modified Wed, 28 Jul 2021 15:34:45 GMT )
Июл 28, 2021 20:34 Asia/Dushanbe
  • Иди бузурги Ғадир муборак бод

Панҷшанбе, 29 июл, ҳаждаҳуми зилҳаҷҷа, иди бузурги мусулмонон – иди Ғадир аст.

Дар чунин рӯзе расули гиромии Ислом - ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) дар масири бозгашт аз охирин сафари ҳаҷҷи худ, мавсум ба “Ҳаҷҷалвидоъ” дар ҷамъи садҳо нафар аз мусулмонони бозгашта аз сафари ҳаҷ, ба фармони илоҳӣ ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссаломро ба унвони валии муъминон ва васиву ҷонишин пас аз худ ба мусулмонон муаррифӣ карданд.

Рӯзи иди Ғадир бар асоси ояи 3 сураи Моида, рӯзи комил шудани дини Худо ва такмили рисолати ҳазрати Хотамуланбиё (с) ва тамом шудани неъмат бар мусулмонон аст.

Нузули ояи сеюми сураи Моида الْیوْمَ أَکمَلْتُ لَکمْ دینَکمْ وَ أَتْمَمْتُ عَلَیکمْ نِعْمَتی وَ رَضیتُ لَکمُ الْإِسْلامَ دیناً” , ки “имрӯз дини шуморо комилу неъмати худро бар шумо тамом кардам ва дини Исломро барои шумо писандидам” аҳамияти ҷонишинии баъд аз паёмбар (с) -ро нишон медиҳад.

Сайти Порстудейи тоҷикӣ фаро расидани иди саиди Ғадирро ба ҳамаи мусулмонон, ба хусус мухотабони гиромӣ табрик мегӯяд.