Июл 29, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
  • Рушди 53 дарсадии ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Туркия дар семоҳаи нахусти 2021
    Рушди 53 дарсадии ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Туркия дар семоҳаи нахусти 2021

Раиси Палатаи муштараки тиҷорати Эрон ва Туркия гуфт, ки афзоиши 53 дарсадии мубодилот бо ин кишвар ҳамчун оғози расидан ба ҳадафҳои мубодилаи баланд арзёбӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Меҳрдоди Саодат  Раиси Палатаи муштараки бозаргонии Эрону Туркия дар гуфтугӯ бо ИРНА тасреҳ кард: дар семоҳаи нахусти соли 2021 шоҳиди афзоиши 53 дарсадии тиҷорат бо ин кишвари будем, аммо ин рақам ба маънои афзоиши чашмгири содирот ва воридот нест, балки фақат нисбат ба соли қабл санҷида шудааст.

Вай бо баёни ин ки тиҷорати 30 миллиард долларӣ ҳадафи тиҷорати Эрон бо Туркия будааст,  таъкид кард: ин рақами давр аз дастрасӣ ва ғайри қобили дастёбӣ нест, аммо ба далели бархе мушкилот ҳанӯз натавонистаем ба ин рақам даст ёбем.

Барчасп