Ҷоми байниқораии футзал: Қаҳрамонии Эрон ва панҷум шудани Тоҷикистон
Тими миллии футзали Эрон унвони қаҳрамонии турнири ҳаштҷонибаи мусобиқоти Ҷоми байниқораии Таиландро ба даст овард.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, тимҳои миллии футзали Эрон ва Таиланд рӯзи ҷумъа дар финали Ҷоми байниқораӣ ба масофи ҳам рафтанд, ки дар ин бозӣ Эрон бо натиҷаи 5 бар як пирӯз шуд.
Футзалистҳои эронӣ барои финалист шудан, Узбакистонро бо натиҷаи 7 бар 5 шикаст дода буданд.
Тими Узбакистон ҳам бо пирӯзии 4 бар сифр муқобили Миср, ба мақоми сеюми ин рақобатҳо расид ва Тоҷикистон бо ғалабаи 3 бар 2 бар Мозамбика, дар ҷойгоҳи панҷумии мусобиқот қарор гирифт.
Ҷоми ҷаҳонии футазали Литва аз 12 сентябр то 3 октябри 2021 баргузор хоҳад шуд ва тими миллии Эрон дар гурӯҳи F бо Аргентина, Сербия ва Амрико ҳамгурӯҳ аст.
Бештар бихонед: