Солрӯзи мелоди Имом Мӯсо Козим фархунда бод
Шанбе бистуми зул-ҳиҷҷаи соли 1442 ҳиҷрӣ-қамарӣ баробар бо 31 июли соли 2021 солрӯзи валодати босаодати Ҳазрат Имом Мусо Козим (а) аз наберагони гиромии Паёмбари Акрам (с) аст.
Имоми Мӯсо Козим ( а ) 20 зул-ҳиҷҷаи соли 128 ҳиҷрии қамарӣ дар рустои «Абува» воқеъ дар байни Макка ва Мадина мутаваллид шуданд.
Падари эшон, ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а ) аст.
Имоми Мӯсои Козим ( а ) дар илм, тавозӯъ ва касрати садоқат, саховат ва бахшандагӣ, шӯҳрати хосе доштанд.
Имом Мӯсои Козим (а ) бо ҷамъ кардани ривоёт ва аҳодис ва аҳкому эҳёии синни падари гиромиашон, имом Ҷаъфари Содиқ (а ) ва низ бо таълим ва иршоди мусулмонон, исломи ростинро, ки бо таъолиму муҷоҳидатҳои падари гиромии эшон ҷаҳон назм ва истеҳком ёфта буд, ҳифз ва тақвият кард.
Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи валодати имоми Мӯсои Козим ( а ) бо риояти дастурҳои беҳдоштии марбут ба пешгирӣ аз корона ойинҳои солрӯзи валодати эшонроро баргузор мекунанд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати имоми Мӯсои Козим ( а )-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.