Июл 31, 2021 18:00 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон мувофиқат карданд.

Ба муносибати фаро расидани аёди Саиди Қурбон ва Ғадири Хум, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо тахфифи муҷозоти 2825 нафар аз маҳкумони маҳокими умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳсини Ажаӣ, раиси қувваи қазоия дар номае ба раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешниҳоди афви муҷозоти ин маҳкумонро, ки парвандаҳои афви онон дар Комиссияи афв ва бахшудагӣ баррасӣ шуда ва воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 асли 110 қонуни асосӣ мавриди қабули ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.

 

Барчасп