Июл 31, 2021 19:06 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши забони форсӣ ва ҳунари хатотии Эрон дар Покистон

Давраи ҷадиди омӯзиши забони форсӣ ва ҳунари хатотии Эрон дар Покистон оғоз шуд.

Ба гузориши Ирно, ҳамзамон бо ҷашни иди Саиди Ғадири Хум, давраи тобистонаи омӯзиши забони форсӣ, хатотӣ ва нигоргарии Эрон аз рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Лоҳур, маркази Иёлоти Панҷоб дар шарқи Покистон гушоиш ёфт.

Дар ойини ифтитоҳияи давраҳои тобистонаи ёдгирии забони форсӣ, хатотӣ ва нақшнигории Эрон дар шаҳри Лоҳури Покистон, Ҷаъфари Рунос, раиси Хонаи фарҳанги Эрон дар ин шаҳри Лоҳур бо баёни рисолати ин ниҳод дар тарвиҷи забон ва адабиёти форсӣ ва ҳамчунин густариши ҳунари эронӣ дар миёни кишварҳои исломӣ ва минтақа аз ҷумла Покистон гуфт: Дар давраи тобистона, мо шоҳиди омӯзиши забони форсӣ дар се сатҳи навомӯз, муқаддамотӣ ва фавқимиёнӣ хоҳем буд.

Ҷаъфари Рунос бо баёни зарурати ошноии насли ҷавони Покистон бо ганҷинаҳои ҳунари ғании эронӣ гуфт: Ҳамзамон классҳои нигоргарӣ ва хушнависӣ ҳам дар ин муддат оғоз хоҳад шуд.

Хонуми Фалиҳа Заҳрои Козимӣ, раиси бахши забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи бонувони Лоҳури Покистон ҳам дар ин маросим ба чолишҳои пешорӯи забону адабиёти форсӣ дар Покистон ишора кард ва гуфт: Барои тарвиҷи забони форсӣ дар саросари Покистон ҳарчанд иқдомоти муҳимме сурат гирифта, аммо доманаи ин талошҳо бояд густариш ёбад.

 

Барчасп