Август 01, 2021 17:05 Asia/Dushanbe
  • Саиди Хатибзода, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон
    Саиди Хатибзода, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон

Сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: Режими номашруи саҳюнистӣ бояд аз иттиҳомзании воҳӣ алайҳи Эрон даст бардорад.

Ба нақл аз Ирно, Саиди Хатибзода, Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар бораи иддаоҳои режими саҳюнистӣ ва Амрико дар бораи даст доштани Эрон дар ҳамла ба як нафткаши исроилӣ дар дарёи Уммон гуфт: Ин бори аввал нест, ки режими саҳюнистӣ аз ин иттиҳомот матраҳ мекунад, ин иттиҳомот дар чорчуби лобии иҷораӣ ва шинохташудаи режими ишғолгари Қудс дар Амрикост”.

Рӯзи ҷумъа манобеи хабарӣ эълом карданд, як каштии нафткаши мутааллиқ ба режими Исроил дар дарёи Уммон ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифт ва ду сарнишини он кушта шуданд.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар мавриди дархости сенаторҳои амрикоӣ аз Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико барои ҷилавгирӣ аз вуруди Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури ҷадиди Эрон ба Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк низ гуфт: Ин дархостҳо бачагона, содалавҳона ва дар чорчуби лобиҳои зиддиэронист”.

Вай хотирнишон кард: Амрико вазоифи қатъӣ дар бораи мақарри Созмони милали муттаҳид дорад ва бояд сарфиназар аз ихтилофот бо кишварҳо, дар чорчуби вазоифи худ амал кунад”.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи иқдомоти Теҳрон барои эҷоди сулҳ дар Афғонистон низ гуфт: Барои Эрони амнияти мардуми Афғонистон дар авлавият аст ва Эрон барои ин мавзуъ омодаи ҳар кумакест”.

Бештар бихонед:

 

Барчасп