Август 02, 2021 14:28 Asia/Dushanbe

Фарнгикори вазни 77 килограм дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии Олимпии Токио ҳарифи хорватии худро шикаст дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадалии Гароӣ дар вазни 77 килограм дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ бо натиҷаи панҷ бар панҷ Бузо Старсвич аз Хорватияро шикаст дод. Гароӣ дар даври нахуст бо натиҷаи 7 бар 3 Жозефина Пена Флорес аз Кубаро мағлуб карда буд.