Август 04, 2021 10:58 Asia/Dushanbe
  • Раисони маҷолиси Узбекистон, Тоҷикистон ва Нигерия вориди Теҳрон шуданд

Панҷ ҳайати порлумонӣ барои ширкат дар маросими таҳлифи Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Хонаи миллат, дар остонаи баргузории маросими таҳлифи сездаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ, Нуриддинҷон Исмоилов, раиси маҷлиси Узбекистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ва Seyni Oumarou, раиси Маҷлиси миллии Нигерия ва намояндаи раисиҷумҳурии ин кишвар дар садри се ҳайати порлумонӣ вориди Теҳрон шуданд.

Ҳамчунин Сумоа Фуда, ноибраиси маҷлиси Гвинея Конакри соате қабл бо истиқболи Ҷалилӣ Раҳимии Ҷаҳонободӣ, узви комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон вориди Фурудгоҳии имом Хумайнӣ (раҳ) шуд.

Раисони маҷолиси кишварҳои Занзибар, Танзания, раиси Гурӯҳи дӯстии порлумонии Эрону Бразилия ва вазири умури хориҷаи Никарагуа ҳам бомдоди имрӯз вориди Теҳрон шуданд.

Маросими таҳлифи раисиҷумҳури Эрон фардо (панҷшанбе) дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ баргузор мешавад.