Дувумин медали тилло барои Эрон дар олимпии Токио
Гуштигири фарангикори вазни 67 килограмии Эрон медали тиллои олимпии Токиоро касб кард.
Муҳаммадризо Гароӣ, фарангикори вазни 67 килограмии Эрон дар дидори ниҳои олимпии Токио баробари Парвиз Насибов аз Украина қарор гирифт ва ӯро бо натиҷаи 9 бар 1 (зарбаи фаннӣ) шикаст дод.
Бо ин медали тилло, тими гуштии фарангии Эрон пас аз 9 сол соҳиби медали тиллои олимпӣ шуд.
Эрон охирин бор дар олимпии 2012 Лондон дар риштаи гуштии фарангӣ медали тилло гирифта буд.
Имрӯз ҳамчунин Ҳасани Яздонӣ, гуштигири озодкори эронӣ бо шикаст додани ҳарифи руси худ бо натиҷаи 7 бар 1 ба дидори ниҳоии вазни 86 килограм роҳ ёфт.
Яздонӣ фардо дар баробари Дейвид Тейлори амрикоӣ дар гуштии финал рақобат хоҳад кард ва дар сурати пирӯз шудан, дувумин тиллои олимпии худро касб хоҳад кард.
Бештар бихонед:
- Бурди фарангикори эронӣ муқобили ҳарифи хорватӣ
- Касби аввалин медали тиллои Эрон дар мусобиқоти олимпии Ҷопон