Август 07, 2021 11:12 Asia/Dushanbe
  • Чин: Эрон дар даврони Раисӣ пешрафтҳои бузургтареро касб мекунад

Сухангуи Вазорати хориҷаи Чин дар вокуниш ба оғоз бакори Иброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Эътиқод дорем, таҳти раёсати Раисӣ, Эрон пешрафтҳои бузургтареро дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ касб хоҳад кард.

Ҳуа Чун Инг рӯзи ҷумъа дар посух ба суоли хабарнигоре дар мавриди оғоз бакори Раисӣ афзуд: Чин маротиби табрикоти худро ба муносибати таҳлифи раисҷумҳурии Иброҳими Раисӣ иброз медорад.

Вай афзуд: Чанде пеш, Ши Ҷин Пинг, раисҷумҳури Чин бо ирсоли паёми табрике ба оқои Раисӣ интихоби эшонро ба ин симмат табрик гуфт.

Маросими таҳлифи Саидиброҳими Раисӣ ба унвони ҳаштумин Эрон, панҷшанбе бо ҳузури мақомоту шахсиятҳои лашкарӣ ва кишварӣ ва меҳмононе аз 115 кишвар баргузор шуд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп