Август 07, 2021 17:43 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: Миллати Лубнон бо мудирияти муқовимат, тавтеаҳои душманонро хунсо кард

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, таъкид кард, миллати Лубнон бо мудирияти муқовимат, тавтеаҳои душманонро хунсо кард.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон имрӯз (шанбе) дар дидори Айюб Ҳамид, фиристодаи вижаи Набиҳ Бери, раиси маҷлиси Лубнон гуфт, вазифаи исломӣ ва инсонии худ медонем, ки дар ҳамроҳии меҳвари муқовимат ва дар мубориза бо душманони Ислом дар канори миллату давлати Лубнон бошем.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон афзуд, ҳарчанд душманони Лубнон дарсададанд, ки зарбаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии муҳлике ба Лубнон ворид кунанд, аммо тавтеаҳо ва фишорҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон бо тадбири гурӯҳҳои сиёсӣ ноком мондааст.

Қолибоф таҳримҳои иқтисодӣ ва эҷоди буҳрони таҳмилӣ бар Лубнонро омили мушкилоти мардум донист ва гуфт, имрӯза Амрико, бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва режими саҳюнистӣ мушкилоти сохторӣ, иқтисодӣ ва ихтилофоти дидгоҳии Лубнонро абзоре барои ташдиди фишор бар мардум қарор додаанд, ки бояд фикри асосӣ дар ин маврид андешед.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо ишора ба ҷанги 33 рӯза, хотирнишон кард, Лубнон нишон дода, ки муҳкам дар баробари режими саҳюнистӣ истодааст.

Фиристодаи вижаи раиси маҷлиси Лубнон, низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз даъвати мақомоти Лубнон барои ширкат дар маросими савгандёи раёсатҷумҳурӣ гуфт, интихоби Саидиброҳими Раисӣ ҳам барои Лубнон ва ҳам барои ҷаҳони Ислом ҳоизи аҳаммият аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп