Август 08, 2021 09:42 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ : Зарфият барои фурӯпошии режими саҳюнистӣ кофӣ аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳ дар дидори қоиммақоми дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон такид кард : Зарфияти фурӯпошии режими саҳюнистӣ муҳайё буда ва кофӣ аст шароит барои иштибоҳи онҳо фароҳам шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарлашкар Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар дидори шайх Наим Қосим- қоиммақоми дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо таҳсини ҳушмандӣ ва иқтидори муқовимати исломии Лубнонизбуллоҳро қудрати иззатофарин ва зомини амнияти мардуми ин кишвар донист.

Сарлашкар Саломӣ гуфт : Ҳизбуллоҳи Лубнон чун дар майдони ҷиҳод мутаваллид шуда ва рушд кардааст, душмани саҳюнистӣ ба хубӣ доманаву умқи қудрати онро дарк мекунад .
Фармондеҳи кулли Сипоҳ афзуд : Шоҳиди раванди густариши қудрат дар меҳвари муқовимат ҳастем, дар муқобил душмани муқовимат дар ҳоли уфул ва завол аст .
Сарлашкар Саломӣ  ҳамчунин гуфт : Ҳаракати ҳамосии ахири Ҳизбуллоҳи Лубнон дар мутаваққифсозии артиши саҳюнистӣ ба нахуствазири ҷадиди режими сохтагӣ нишон дод муъодилот дар ҷои дигаре таъин мешавад .
Сарлашкар Саломӣ  таъкид кард : Саҳюнистҳо аз ин воқеият дарки дақиқе доранд, ки агар мотори Ҳизбуллоҳ равшан шавад онҳо бояд қатъан аз сарзаминҳои ишғолӣ фирор кунанд, зеро шахсияти ҷадиди Ҳизбуллоҳ дар бахши низомӣ, ки қудрати ҷанг рӯйи замин аст, агар ба ҳаракат дарояд доминои фирор иттифоқ хоҳад афтод .
Фармондеҳи кулли Сипоҳ бо таъкид бар тадовуми ҳимоятҳову пуштибониҳои Инқилоби исломӣ ва миллати Эрон аз муқовимати Лубнон тасреҳ кард : Ҳизбуллоҳ фақат як нерӯи низомӣ нест, балки пуштвонаву такягоҳи аслии мардуми Лубнон аст ва дар миёни ҳамаи мардуми ин кишвар аз ҷойгоҳи болои маънавӣ бархурдор аст .
Шайх Наим Қосим низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои миллати Эрон бавижа Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз муқовимати исломии Лубнон гуфт : Ҳизбуллоҳ ва мардуми Лубнон дастовардҳову муваффақиятҳои худро вобаста ба ҳимоятҳои Ҷумҳӯрии исломӣ ва фидокориҳову ҷонфишониҳои шуҳадо ва размандагони муқовимат ба вижа шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ медонанд.

Шайх Наим Қосим афзуд : Бо вуҷуди бархе мушкилот ва талоши душманон барои эҷоди  таҳриму фишор зидди Лубнон ва аз байн бурдани амнияти мардуми он, тавонистаем мавқеъияту муҳити худро ҳифозат кунем.

 

Барчасп