Август 09, 2021 16:08 Asia/Dushanbe
  • Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон
    Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба вазири беҳдошт дастур дод то аз ҳамаи зарфиятҳои лозим барои контроли вируси корона ва дармони беморон истифода шавад.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз, душанбе дар тамосҳои телефонии ҷудогона бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва устондори Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон) пайгири охирин вазъияти бемории корона дар кишвар ва ҳамчунин устони Хуросони Разавӣ шуд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин тамоси телефонӣ бар истифода аз тамомии зарфиятҳои мавҷуд барои суръат бахшидан дар контроли беморӣ, дармон ва ироаи хадамот ба беморон таъкид ва дастуроти лозимро содир кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп