Барафроштани парчами азои Ҳусайнӣ бар фарози гунбади ҳарами имом Ризо (а) ва Абдулазим Ҳасанӣ (а)
(last modified 2021-08-10T04:37:25+00:00 )
Август 10, 2021 09:37 Asia/Dushanbe
  • Барафроштани парчами азои Ҳусайнӣ бар фарози гунбади ҳарами имом Ризо (а) ва Абдулазим Ҳасанӣ (а)

Ҳамзамон бо оғози моҳи Муҳаррам, парчами сабзи гунбади тиллоии ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) ва Абдулазим Ҳасанӣ (а) ба муносибати фаро расидани моҳи муҳаррам сиёҳпӯш шуд.

Ба гузориши Хабаргузории “Эрон Пресс”, ҳамзамон бо оғози моҳи муҳаррам парчами сабзи гунбади тиллоии ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) шомгоҳи душанбе дар ойине бо ҳузури сарпарасти остони Қудс, ходимони боргоҳи Разавӣ ва намояндагони ҳайатҳои мазҳабӣ иваз карда шуд ва ба ранги сиёҳи азо даромад.

Бо иваз кардани парчами гунбади Разавӣ, пӯшиши зареҳи мутаҳҳар ва гулдастаҳои ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) низ тағйир кард ва оромгоҳи  шарифи Соминалҳуҷаҷ Алӣ бин Мӯсо Арризо (а) якпорча сиёҳпӯш шуд.

Ойини суннатии изни азо бо ҳузури намояндагони ҳайатҳои мазҳабӣ аз саросари кишвар, масъулони кишварӣ ва остони Қудси Разавӣ, ходимони боргоҳи мунаввари имом Ризо (а) баргузор шуд, ки ба нишонаи эъломи оғози моҳи Муҳаррам ва шурӯи вижабарномаҳои азодории айёми шаҳодати имом Ҳусайн (а), парчам то сеюми рабеъулаввал бар фарози гунбади тилло ба ранги сиёҳ боқӣ хоҳад монд.

Дар ин ойин ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Қумӣ, раиси Созмони таблиғоти исломӣ дар хусуси аҳамияти иқомаи азодории моҳи Муҳаррам суханронӣ кард.

Навҳахонӣ, марсиясароӣ ва равзахонии зокирони аҳли байти исмату таҳорат (а) поёнбахши барномаи “Изни азо” дар ҳарами мутаҳҳар Разавӣ буд.

Дар поёни ин маросим парчами мутабаррики ҳарами Разавӣ ба намояндагони ҳашт ҳайати азодории дохилӣ ва хориҷӣ ба намояндагӣ аз ҳайатҳои азодорӣ тақдим шуд.

Ҳамчунин ҳамзамон бо фаро расидани моҳи муҳаррамулҳаром ва айёми азодории сайидушшуҳадо (а), парчами гунбади ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) бар фарози боргоҳу гунбади ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а) ба эҳтизоз (афроштан) даромад.