Август 11, 2021 08:28 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Охирин баракати азими ҳодисаи Карбало ҳамин инқилоби шукӯҳманди мост

Пойгоҳи иттилоърасонии “KHAMENEI.IR” ба муносибати моҳи муҳаррами 1443, маҷмӯаи лавҳи «миллати Ҳусайн ба раҳбарии Ҳусайн»-ро мунташир мекунад.

Ба гузориши дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ хоминаӣ, дар матни яке аз ин маҷмӯаи лавҳи "миллати Ҳусайн ба раҳбарии Ҳусайн" омадааст: “Раҳбари муаззами инқилоб: Охирин баракати азими ҳодисаи Карбало ҳамин инқилоби шукӯҳманди мост”.

Имом Ҳусайн (а), ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд, бо фидокории беназири хеш дар оварадгоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омухтанд.

Имом Ҳусайн (а)дар воқеаи Карбало ба сароҳат таъкид карданд: " Мақсуди ман, расво кардани ҳукумати зидди исломӣ ва барпо доштани амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар ва истодагӣ дар баробари зулм ва ситамгарӣ аст".

Дарсҳои наҳзати ҳазрати имом Ҳусайн (а), таърих ва ҷуғрофиё ба вусъати ҳамаи хилқат ва башарият ва ҷаҳон дорад ва ҳаргиз наметавон онро маҳдӯд кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп