Август 12, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши эътибори 5 зинаии тими миллии футболи Эрон дар раддабандии ФИФА

Тим(дастаи)и миллии футболи Эрон дар ҷадидтарин радабандии Федерасиюни ҷаҳонии футбол - ФИФА бо 5 зина пешрафт дар рутбаи 26 ҷаҳон қарор гирифт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футболи Эрон дар ҷадидтарин радабандии Федерасиюни ҷаҳонии футбол бо 5 зина пешрафт дар рутбаи 26 ҷаҳон қарор гирифт .
Федерасиюни ҷаҳонии футбол  тозатарин радабандии тимҳои миллии футболи ҷаҳонро имрӯзи панҷшанбе 12 август эълом кард, ки тими миллии футболи Эрон бо 1522 имтиёз ва 5 зина пешрафт дар рутбаи 26 ҷаҳон ҷой гирифт .
Илова бар ин  тими миллии футболи Эрон дар қитъаи Осия низ бидуни тағйир нисбат ба радабандии пешин пас аз Ҷопон дар рутбаи дувум истод.
Дар радабандии моҳи август ҷойгоҳи тими нахусти футболи ҷаҳон нисбат ба радабандии қабл тағйир накарда ва тими миллии Белгия ҳамчунон садрнишин аст .
Бразилия бо як зина пешрафт ва Фаронса ҳам бо як зина суқут ба тартиб дар рутбаҳои дувуму сеюми қарор гирифтаанд .
Дар қитъаи Осия Ҷопони 1529 имтиёзӣ бо радаи бисту чаҳоруми ҷаҳон садрнишин аст .
Пас аз тими миллии футболи Эрон  низ тимҳои Австралия дар радаи сиупанҷуми ҷаҳон, Кореяи ҷанубӣ радаи сиушашуми ҷаҳон ва Қатари чиҳилу дувуми ҷаҳон дар радаҳои сеюм то панҷум қарор доранд.

 

Барчасп