Ибрози нигаронии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ташдиди хушунатҳо дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i72052
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эъломи нигаронии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ташдиди хушунатҳо дар Афғонистон, хостори тавваҷуҳ ба ҳифзи ҷони бегуноҳон ва мардуми ғайринизомӣ дар шароити ҷорӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 13, 2021 19:16 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ташдиди хушунатҳо дар Афғонистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эъломи нигаронии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ташдиди хушунатҳо дар Афғонистон, хостори тавваҷуҳ ба ҳифзи ҷони бегуноҳон ва мардуми ғайринизомӣ дар шароити ҷорӣ шуд.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа бо тавваҷуҳ ба тасаллути Толибон бар шаҳри Ҳироти Афғонистон гуфт: Бояд ба таъмини амнияту саломати комили дипломатҳо ва маконҳои дипломатӣ тавваҷуҳи ҷиддӣ шавад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз иртиботи доими Вазорати умури хориҷа бо сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳироти Афғонистон ва пайгирии вазъияти саломати коркунони мустақар дар он намояндагӣ хабар дод.

Шаҳри Ҳироти Афғонистон асри дирӯз (чаҳоршанбе) тавассути нерӯҳои Толибон ба тасарруф даромад.

 

Бештар бихонед: