Раҳмони Амӯзод соҳиби тиллои гуштии озоди қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон шуд
(last modified Wed, 18 Aug 2021 16:14:46 GMT )
Август 18, 2021 21:14 Asia/Dushanbe
  • Раҳмони Амӯзод соҳиби тиллои гуштии озоди қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон шуд

Дар идомаи мусобиқоти куштии озоди ҷавонони ҷаҳон дар Русия, Раҳмони Амӯзод, гуштигири эронӣ ба медали тилло даст ёфт.

Дар вазни 61 килограм Раҳмони Амӯзод пас аз истироҳат дар даври аввал, дар даври дувум бо натиҷаи 10 бар сифр Бортоз Султис аз Полшаро мағлуб кард.

Вай дар даври баъдӣ ва дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоӣ бо натиҷаи 12 бар 2 аз садди Абулфазл Насиров аз ҷумҳурии Озарбойҷон гузашт ва ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Амӯзод дар ин марҳала бо натиҷаи 10 бар 7 (зарбаи фаннӣ) Фёдор Болтаев аз Русияро мағлуб кард ва ба дидори финал роҳ ёфт.

Амӯзод дар дидори поёнӣ ва дар як гуштии ҳисобшуда бо натиҷаи 9 бар 2 Ровиндар аз Ҳиндро аз пеширӯ бардошт ва ба медали тилло даст ёфт.

 

 

Бештар бихонед: