Август 19, 2021 19:44 Asia/Dushanbe
  • Баргузории азодории Ошӯрои ҳусайнӣ дар саросари Эрон

Мардуми муъмину азодори Эрони исломӣ ҳамзамон бо Ошӯро бо баргузории маросими азодороӣ дар сӯги шаҳодати Имом Ҳусайн ( ъ ) ва ёрони бовафои ишон азодорӣ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , маросими азодорӣ дар даҳумин рӯзи муҳаррам аз нахустин соъоти субҳи рӯзи панҷшанбе дар фазои бози ҳусайнияҳо, такоё, масоҷид ва маконҳои боз бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ баргузор шудааст . Маросими азои ҳусайнӣ дар ҷой-ҷои меҳани исломӣ то зуҳри имрӯз идома дошту азодорон дар поён  намози зуҳри Ошӯроро ба ёди намози зуҳри Имом Ҳусайн ( ъ ) ва ёрон бовафои ишон, иқома карданд . Маросими шоми ғарибон  ҳам ҳамзамон бо ғурӯби Ошӯро дар саросари кишвар баргузор мешавад . Шумори зиёде аз мардуми Эрон низ маросими азои ҳусайниро аз манозилу ҳамроҳ бо ҳусайнияи телевизиюнӣ аз тариқи Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор карданд .