Ноябр 03, 2016 17:35 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи 13-и обон

Ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён дар солгарди тасхири “Лонаи ҷосусӣ”-и Амрико, ба дидори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рафтанд.

Пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, Сафорати Амрико дар Теҳрон ба маркази тавтеаву ҷосусӣ алайҳи инқилоби исломӣ табдил шуд. Ба ҳамин далел, донишҷӯёни пайрави хатти Имом дар ноябри соли 1979 Сафорати Амрикоро тасхир карданд ва ин иқдомро тасхири “Лонаи ҷосусӣ” номиданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҷамъи донишомӯзону донишҷӯён бо ёдоварии тавсифи Имом Хумайнӣ (раҳ) аз тасхири “Лонаи ҷосусӣ” бо иборати “инқилоби дуввум” изҳор доштанд, ин тавсиф ба далели тавтеаҳои Амрико, қабл ва баъд аз инқилоб, бар зидди миллати Эрон буду ҷавонони инқилобӣ бо тасхири сафорат, тавтеаи Амрикоро хунсо карданд. Пас аз тасхири “Лонаи ҷосусӣ” донишҷӯёни пайрави хатти Имом ба асноди муҳиме даст ёфтанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи мадорики ба дастомада аз Сафорати Амрико гуфтанд, ин мадорик умқи тавтеаҳову душмании Амрикоро бо миллати Эрон ошкор сохт. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи машруияти тасхири “Лонаи ҷосусӣ”-и Амрико изҳор доштанд, тасхири “Лонаи ҷосусӣ” дар 13-и обони соли 1358 ( 3 ноябри соли 1979) вокуниши табиӣ ба тавтеаҳову душманиҳои абарқудрате зиёдахоҳ буд, ки солҳо Эронро аз они худ медонисту манобеъ ва сарвати миллати Эронро ғорат мекард. Аммо бо пирӯзии инқилоби исломӣ, Эрон аз дасти ӯ хориҷ шуд.

Фарозҳои баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар солгарди тасхири “Лонаи ҷосусӣ”-и Амрико, умдатан дар бораи бадаҳдӣ, беэътимодӣ ва душмании Амрико бо Ҷумҳурии исломии Эрон буд. Моҳияти низоми Амрико бо ҳудуди 38 соли пеш дар қиболи Ҷумҳурии исломии Эрон, тағйир накардаву агар Амрико кӯчактарин фурсате ба даст оварад,  аз зарба задан ба Эрон дареғ намекунад.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар баёни идомаи ин душманӣ афзуданд, сиёсат ва зоти давлати султаҷӯи Амрико бар асоси зиёда хоҳӣ аст ва дар солиёни дароз ин сиёсатро дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, ба вижа ғарби Осиё ва Эрони қабл аз инқилоб эъмол кардааст. Аз дидгоҳи Раҳбари муаззами инқилоб, агар дар ҳамон моҳҳои аввали инқилоб камтарин ғафлате мешуд ва Имом дар баробари Амрико намеистод, душмане ки аз дар ронда шуда буд, аз панҷара ворид мешуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ яке дигар аз далоили истодагии Имом дар баробари Амрикоро, дифоъ аз арзишҳои инсонӣ хонданд ва таъкид карданд, низоми Амрико бо арзишҳои инсонӣ фарсангҳо фосила дорад ва ҳангоме, ки Имом Хумайнӣ (раҳ) мефармуд: “Ҳарчӣ фарёд доред, сарм Амрико бикашед”, яъне марг бар давлату низоме, ки ҳеч ҳамхонӣ бо арзишҳои инсонӣ надорад.

Муҳимтарин бадаҳдии Амрико ва далел ба беэътимодӣ ба ин кишвар, тавофуқи ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон бо гурӯҳи 5+1 аст. Давлати Амрико дар масири иҷрои ин тавофуқнома на танҳо ҳамкории таъаҳҳуддодашударо анҷом намедиҳад, балки коршиканӣ ҳам мекунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бадаҳдии Амрико дар ин заминаро мисдоқи айнии идомаи душмании Амрико бо Эрон тавсиф карданд. Эшон муҳимтарин роҳи пешрафтро на музокира бо Амрико ва наздикӣ ба ин кишвар, балки эътимод ба нерӯҳову тавоноии дохилӣ ва ҳӯшёрӣ дар қиболи сиёсатҳои душманонаи Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон хонданд.