Раҳбари муъаззами инқилоб даргузашти Муҳаммадризо Ҳакимиро таслият гуфтанд
(last modified Mon, 23 Aug 2021 04:07:22 GMT )
Август 23, 2021 09:07 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб даргузашти Муҳаммадризо Ҳакимиро таслият гуфтанд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашти олиму мутафаккири барҷаста Муҳаммадризо Ҳакимиро таслият гуфтанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муъаззами раҳбарӣ, дар паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ омадааст : Бо таъассуфу таъассур хабари даргузашти олиму мутафаккири барҷаста, ҷаноби оқои Муҳаммадризо Ҳакимӣ қудсиаллоҳу нафасаро дарёфт кардам . Ишон донишманди ҷомеъ, адиби чирадаст, андешаварзи навовар ва исломшиноси адолтхоҳ буданд . Ишон умрро фориғ аз орояҳову пирояҳои моддӣ дар хизмати маорифи волои Қуръону Суннат гузаронда ва осори арзишманд аз худ ба ҷо ниҳоданд .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар ин паём афзуданд : Баҳрагирӣ аз маҳзари пурфайзу нафаси гарми устодони маърифату маънавият дар Машҳади муқаддас ва захирае аз таваккулу таъаббуд ғинои нафс дар дилу ҷони ин шахсияти азиз ба ҷо ниҳода буд, ки то охири умри бобаракаташ вайро устувор медошт . Ин ҷониб фиқдони андуҳбори ин рафиқи деринро ба хонадони мукаррами Ҳакимӣ ва бозмондагон бавижа бародари бузургвори ишон ва низ ба ҳамаи дӯстону алоқамандони он марҳум таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати илоҳиро барои вай масъалат менамоям .
Муҳаммадризо Ҳакимӣ, муҷтаҳиди мусалмон ва файласуфу нависандаи эронӣ, ки чанде пеш бар асари корона дар бемористон бистарӣ буд, шомгоҳи якшанбе даъвати ҳақро лаббайк гуфт .

 

Барчасп