Август 24, 2021 16:09 Asia/Dushanbe
  • Фасли ҷадиди ҳамкориҳои минтақаии Теҳрон - Маскав оғоз шудааст

Муовини ҳамоҳангкунандаи вазири дифои Эрон гуфт: Фасли ҷадид ва таҷрибаи нави ҳамкориҳои муштараки Теҳрон - Маскав бо мавзӯи сулҳу субот ва ҳаллу фасли мушкилоти минтақаӣ оғоз шудааст.

Амири сартип Саиди Шаъбониён, раиси ҳайати эъзомии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳафтумин намоишгоҳ ва мусобиқоти байналмилалии низомӣ - фаннии Русия, мавсум ба “ARMI – 2021” афзуд: Хурсандем аз ин ки равобиту ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Русия дар солҳои ахир як масири матлуб ва рӯ ба пешро дунбол карда ва ба марҳалаи хубе аз эътимоди дуҷонибаву асаргузор дар мавзӯоти дуҷонибаи минтақаӣ ва байналмилалӣ табдил шудааст.

Муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифои Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки иродаи ҷиддии давлат ва нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бар тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳамаи сутӯҳ бо Русия қарор дорад, гуфт: Ҳамкориҳои минтақаии Теҳрон ва Маскав, ба вижа дар эҷоду барқарории сулҳу сабот, фасли ҷадиду таҷрибаи нав барои ҳамкориҳои муштарак ва албатта мушорикати кишварҳои минтақа дар ҳаллу фасли мушкилоти минтақаиро эҷод кардааст.

Шаъбониён афзуд: Дар ин масир таъкид бар ҳамкориҳои чандҷониба барои эҷоди сулҳ, амният ва фаъолсозии созукори минтақаӣ дар хусуси соири масоилу мавзӯоти муҳими минтақаӣ, аз ҷумла дар Афғонистон ва Қафқоз ва дигар манотиқ мавриди таъкид аст.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп