Август 26, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
  • Охирин вазъияти корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармону омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 694 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод .

Ба гузориши пойгоҳи итилоъи расонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрони рӯзи панҷшанбе эълом кард дар 24 соъати гузашта 694 бемори " Ковид - 19 " фавт карданд, ки маҷмӯи фавтиҳо ба 104 ҳазору 716 нафар расид .
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард аз дируз то имрӯз ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ  36 ҳазору 758 бемори ҷадиди мубтало ба " Ковид - 19 " дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба 4 миллиону 833 ҳазору 135 нафар расид .
Бар асоси ин гузориш  то кунӯн 4 миллиону 53 ҳазору 22 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон тархис шудаанд .
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод то кунӯн 28 миллиону 330 ҳазору 70 озмоиши ташхиси Ковид 19 дар кишвар анҷом шудааст .
Вазорати беҳдошт  эълом кард 17 миллиону 772 ҳазору 252 нафар дозаи аввали воксани корона ва 7 миллиону 150 ҳазору 303 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи воксанҳои тазриқшуда дар Эрон ба 24 миллиону 922 ҳазору 555 доза расид .

 

Барчасп