Август 26, 2021 21:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Афғонистон пуштибонӣ мекунад

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Эрон аз Афғонистон пуштибонӣ мекунад.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, вазири умури дохилии Эрон Аҳмад Ваҳидӣ, "Афғонистон яке аз ҳамсояҳои асосии Эрон аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша аз он кишвар пуштибонӣ кардааст."

Ваҳидӣ афзуд: "Эрониҳо бӯҳрони Афғонистонро хуб медонанд, бархе аз шаҳрвандони Афғонистон ба кишварашон баргаштанд ва баъзеҳо бо ҳамоҳангии мақомоти ҳукумати Афғонистон ба ватан баргаштанд ва ҳеҷ мушкиле дар марзи Эрон бо Афғонистон вуҷуд надорад."

Вазири умури дохилии Эрон ҳамчунин гуфт: "Эрон ҳамеша аз музокироти байни афғон истиқбол мекунад ва умедвор аст, ки гурӯҳҳо ва аҳзоби мухталифи афғон дар ҳалли мушкилоти кишвари худ тавассути музокирот натиҷаҳои мусбат ба даст хоҳанд овард."

Ваҳидӣ бо ишора ба хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон таъкид кард: "Иёлоти Муттаҳида ба мардуми он кишвар ба ҷуз бадбахтие наовард."

Барчасп