Август 28, 2021 12:45 Asia/Dushanbe

Шашумин давраи мусобиқоти низомии артишҳои ҷаҳон бо ширкати чаҳор тим аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Узбекистон ва Ветнам дар Шоҳиншаҳри Исфаҳон, дар ҳоли баргузорист.

Мусобиқоти низомии артишҳои ҷаҳон дар риштаи «Арбобони силоҳ» аз 22  август шурӯ шудааст ва то сеюми сентябри 2021 ба мизбонии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи Исфаҳон идома дорад.

Яке аз аҳдофи шашумин давраи мусобиқоти низомии артишҳои ҷаҳон дар Исфаҳон, густариши сулҳ, дӯстӣ ва афзоиши таомулоти фарҳангӣ байни кишварҳои Эрон, Русия, Ветнам ва Узбекистон эълом шудааст.

Тимҳои ширкаткунанда дар шашумин давраи мусобиқоти низомии артишҳои ҷаҳон дар риштаи «Арбобони силоҳ», аз силоҳҳои сангин ва сабук, тӯпхонаи саҳроӣ, падофанди ҳавоӣ ва силоҳҳои инфиродӣ ҳам аз тӯпхонаи мутавассити 122 милиметрӣ катюша, падофанди 23 милиметрӣ ва анвоъи силоҳи сабуки инфиродӣ истифода мекунанд.

 

Барчасп