Август 28, 2021 14:46 Asia/Dushanbe
  • Арзаи ваксинаи донишбунёни эронӣ аз ду як ҳисаи қимати намунаҳои воридотӣ

Ваксинаи «Эктима» ба ҳиммати муҳаққиқони як ширкати донишбунёни эронӣ барои коҳиши бемориҳои уфӯнии дом бо 1,2  қиммати намунаҳои воридотӣ тавлид ва арза шуд.

Ваксинаи эктимо бемории вирусӣ ба шиддат вогирдори пӯст аст, ки боиси ибтилои гӯсфандон, бӯзон ва баъзе аз ҳайвоноти аҳлӣ ва ваҳшӣ мешавад.

Ба гузориши ИРНА, бемориҳои уфӯнӣ ва вогирдори домӣ ба лиҳози шиддати хисороти иқтисодӣ яке аз мавонеъи аслӣ дар таъмини беҳдошту тавлиди фаровардаҳои домист. Набуди ваксинатсия низ сабаби коҳиши тавлиди дом мешавад.

Ин ширкати донишбунёни эронӣ бо ҳимояти Ситоди тавсеаи зист фанноварии муовинати илмӣ ва фанноварии раёсатҷумҳурӣ бо дараки ин ниёз, иқдом ба тавлиди ваксинаи эктима кард.

Ин ваксина бо сӯяи лукол бо истифода аз ба рӯзтарин фанноварии дунё ҳамроҳ бо эпликотор ихтисосӣ барои ҳифзи шароит ва эҷоди эминии болотар яке аз маҳсӯлоти ин ширкат аст.

Бар асоси ин гузориш, ин ширкат барои ҳар маҳсӯли муваффақ ба ахзи гувоҳиномаи кайфият аз озмоишгоҳи Созмони беҳдошти ҷаҳонии дом шудааст, ки сатҳи болои кайфияти маҳсӯлро таъйид мекунад, ҳамчунин кайфияти хуби маҳсӯл бо қиматҳои риқобатӣ дар баробари намунаҳои мушобеҳи хориҷӣ аз вижагиҳои барҷастаи маҳсӯлот барои вурӯд ба бозорҳои ҷаҳонӣ аст.

Дар ҳоли ҳозир ваксинаи эктима бо қиммате муодили 1.2 намунаҳои воридотӣ дар ҳоли арза аст.

 

Барчасп