Август 29, 2021 09:37 Asia/Dushanbe
  • Дидору ройзании вазири умӯри хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳурии Ироқ

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ҳошияи нишасти минтақаии ҳимоят аз Ироқ бо раиси ҷумҳурии ин кишвар дидору ройзанӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён- вазири умӯри хориҷаи Эрон  дар ҳошияи нишасти минтақаии " Ҳимоят аз Ироқ " дар Бағдод бо Барҳам Солеҳ-раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор кард .
Амирабдуллоҳиён  зимни иблоғи паёми Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳурии Эрон ва табрики баргузории муваффақи нишасти Бағдод, ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Ироқро мавриди таъкид қарор дод.
Барҳам Солеҳ-раиси ҷумҳурии Ироқ  низ дар ин дидор бо ташаккур аз ҳузури ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти минтақаии ҳимоят аз Ироқ, анҷоми аввалин сафари хориҷии вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ироқро муҳим хонд ва аз ҳимоятҳои Эрон аз Ироқ тақдир намуд .
Таҳаввулоти минтақа, ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории кишварҳои минтақа ва лузӯми басту тавсеаи муносиботи иқтисодии ду кишвар аз дигар мавзӯъоти мавриди гуфтугӯ ва табодули назари вазири умӯри хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳурии Ироқ дар ин дидор буд.

 

Барчасп