Август 31, 2021 16:15 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҳафтагии 5 миллион доза воксани корона ба Эрон

Муовини беҳдошти Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз вуруди ҳафтагии 5 миллион доза воксани корона ба ин кишвар хабар дод.

Алиризо Раисӣ, муовини беҳдошти Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон имрӯз - сешанбе гуфт: Аз ҳафтаи оянда ҳар ҳафта 5 миллион доза воксани корона вориди кишвар мешавад.

Раисӣ дар бистумин иҷлоси маҷозии руасои донишгоҳҳои улуми пизишкии кишвар афзуд: Аз ҳафтаи оянда ҳар ҳафта 5 миллион доза воксан ворид мешавад, ки то поёни шаҳривармоҳ ба ҳудуди 20 миллион доза воксан хоҳад расид.

Дар канори воридоти воксани хориҷӣ ба Эрон, талоши донишмандону мутахассисони эронӣ барои тавлиди густардаи воксанҳои сохти дохили кишвар низ идома дорад.

 

 

Барчасп