Судури муҷаввизи 3 воксани эронии корона
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i73094
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз судури муҷаввизи се воксани эронии корона хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 03, 2021 18:35 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи 3 воксани эронии корона

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз судури муҷаввизи се воксани эронии корона хабар дод.

Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа гуфт: Муҷаввизи воксанҳои Институти Пастер, Розӣ ва Синожен содир шуд.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд: Воксанҳои эронии корона ҷузви беҳтаринҳо ҳастанд.

Айнуллоҳӣ ҳамчунин бо ишора ба раванди рӯ ба рушди ваксинотсияи умумии корона дар Эрон гуфт: Умедворем ваксинатсияи умумӣ дар Эрон то даҳаи Фаҷри имсол (баҳмани 1400 шамсӣ) ба итмом бирасад.

Имрӯз (ҷумъа) низ маҳмулаи 5 миллион дозаии воксани корона вориди Эрон шуд.

Ҳамзамон бо воридоти воксан аз манобеи хориҷӣ, ваксинатсияи умумӣ дар Эрон бо воксани эронии коронаи “Ков Эрон Баракат” низ дар ҳоли анҷом аст.

 

Бештар бихонед: