Сентябр 04, 2021 11:54 Asia/Dushanbe
  • Паралимпиадаи 2020; Шикасти намояндаи Эрон муқобили ҳарифи узбекистонӣ

Бонӯи паратэквандои Эрон дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоии мусобиқоти тэквондои бозиҳои Паралимпиадаи 2020 Токио муқобили ҳарифе аз Узбекистон шикаст хӯрд.

Дар идомаи мусобиқоти Паралимпиадаи 2020 Токио аз соати 10:30 имрӯз (шанбе ба вақти Токио) Роиҳа Шаҳоб дар вазни 58+килограми ин рақобатҳо ба масофи Гулҷоной Наимова аз Узбекистон рафт.

Дар ин рақобат намояндаи Эрон 30 бар 9 муқобили Гулҷоной Наимова тан ба шикаст дод ва аз роҳёбӣ ба ҷамъи ҳашт таэквандокори бартари вазни худ боз монд.

Гулҷоной Наимова дар марҳалаи як аҳоруми ниҳоии мусобиқот ба масофи ҳарифе аз Ҷопон хоҳад рафт. Дар сӯрати роҳёбии Наимова ба финол, Шаҳоб дар ҷадвали шонси муҷаддад қарор хоҳад гирифт.

 

Барчасп