Сентябр 07, 2021 14:56 Asia/Dushanbe
  • Рақобати тимҳои Эрон бо Ироқ дар муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии Футболи Қатар

Тимҳои миллии футболи Эрон ва Ироқ имшаб дар муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии Футболи Қатар дар дидоре ҳассос ба масофи якдигар мераванд.

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, тимҳои миллии футболи Эрон ва Ироқ дар марҳилаи ниҳоии муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии Футболи 2022 Қатар, имшаб сешанбе, соати 22 : 30 (ба вақти Теҳрон) ба масофи ҳам хоҳанд рафт.

Ироқ дар Доҳа - пойтахти Қатар мизбони Эрон аст.

Тими миллии футболи Эрон дар аввалин бозӣ аз даври муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонӣ бо натиҷаи як бар сифр Сурияро шикаст дод.

Ироқ низ дар бозии аввали худ бо Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул ба натиҷаи мусовӣи расид.

Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Ироқ, Иморот, Сурия ва Лубнон дар мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ҳамгурӯҳ ҳастанд.

Эрон дар ҷойгоҳи аввали ин гуруҳ қарор дорад.

 

 

 

 

Барчасп