Сентябр 08, 2021 13:43 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Эрон хостори Афғонистоне орӣ аз ҷангу терроризм аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯ бо раиси Ҷумҳурии пешин Афғонистон гуфт: Эрон хостори афғонистоне орӣ аз ҷанг ва терроризм аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯ бар сиёсати усулии Ҷумҳурии исломии Эрон, мубтанӣ бар гуфтугӯ миёни тамоми гурӯҳҳо, бо ҳадафи ташкили як давлати фарогир дар Афғонистон, ки бозтобдиҳандаи таркиби қавмиву ҷамъиятии ин кишвар бошад, таъкид карду афзуд: Афғонистон танҳо аз ин тариқ метавонад ба сулҳи пойдор бирасад.

Амирабдуллоҳиён идома дод: Ҷумҳурии исломии Эрон марзҳо ва гузаргоҳҳои марзии худ бо Афғонистонро барои тасҳили вазъи феълӣ дар ин кишвар боз нигаҳ медорад ва тиҷоратро идома хоҳад дод.

Вай хотирнишон сохт: Амрико дар ду даҳаи гузашта сабабгор ва масъули нобасомониҳои кунунӣ дар Афғонистон аст.

Амирабдуллоҳиён афзуд: Дар айни ҳол ин назар ва иродаи мардуми Афғонистон аст, ки бояд ба ин вазъ поён диҳанд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон низ дар ин тамоси телефонӣ изҳор дошт: Бузургони Афғонистон барои убур аз ин вазъ ниҳояти талоши худро анҷом медиҳанд ва ҳадафи аслӣ таҳаққуқи хосту иродаи мардуми Афғонистон аст.

Вай зимни тақдир аз мавозеъ ва талошҳои бакоргирифташуда аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: Ҳамроҳ бо дигар бузургону ришсафедон, бо гуруҳҳои мухталиф, аз ҷумла Толибон дар ҳоли ройзанӣ ҳастем ва аз Ҷумҳурии исломии Эрони ҳам дархост дорем, ки мисли собиқ кумакҳои худро дар ростои осонсозии ин амр идома диҳад.

 

 

 

 

 

Барчасп