Ноябр 05, 2016 17:57 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи чашмгири мардуми Туркия аз филми

Истиқболи мардуми Туркия аз филми синамоии "Муҳаммад Расулуллоҳ" (с) дар муддат як ҳафта, бисёр чашмгир буд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадризо Собирӣ- мудиромили дафтари пахши Нури тобон- "Муҳаммад Расулуллоҳ" (с), дар Туркия гуфт, филм бо истиқболи бисёр чашмгир ва густардае дар ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.

Вай дар бораи бозхӯрди мухотибон аз дидани филм, гуфт, мухотабон аз филм бисёр розӣ ҳастанд, қишрҳои мухталиф бо мазоҳиби мухталиф аз филм дидан карданд ва бо ризоят аз синамо хориҷ мешаванд. Дар матбуоти Туркия ҳам бисёр аз техник, мазмун ва сохтори асар таъриф шудааст.

Ба гуфтаи Собирӣ филми синамоии "Муҳаммад Расулуллоҳ" (с) метавонад ба 50 кишвари исломӣ содир шавад.