Сентябр 10, 2021 16:17 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи Эрон дар ҷойгоҳи нахусти Осиё дар раддабандии Фифа

Тими миллии футболи Эрон ба раддаи нахусти Осиё дар раддабандии Фифа боло омад.

Тими миллии футболи Эрон тавонист дар дуюмин дидори худ дар интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар бо се гол Ироқро аз пеши рӯ бардорад ва 6 имтиёзӣ шавад .

Ин натиҷа боис шуд то тими миллии футболи Эрон бо 4 зина боло рафтан, радаи 22 ҷаҳон ва аввали Осиё қарор гирад ва ба ин тартиб тими миллии футболи Эрон барои аввалин бор баъд аз Ҷоми миллатҳои Осиё, раддаи нахусти тимҳои осиёӣ дар раддабандии Фифаро аз Ҷопон пас гирифт.

Тими миллии футболи Эрон ба 9 пирӯзии паёпай дар дидорҳои ахир даст ёфт.

Баъд аз поёни дидорҳои миллии футболи ҷаҳон дар моҳи сентябр, раддабандии тимҳои миллӣ низ мушаххас шуду муҳимтарин нукта барои футболи Эрон боло рафтани дубора ба садри тимҳои осиёӣ буд.

 

Барчасп