Сентябр 11, 2021 09:08 Asia/Dushanbe
  • Худдории Алиризо Ҷаҳонбахш аз бозӣ муқобили намояндаи футболи режими саҳюнистӣ

Бошгоҳи Фейеноорд Ҳоланд бо дархости миллипӯши футболи Эрон барои ҳузур наёфтан дар муқобили намояндаи режими ғосиби саҳюнистӣ мувофиқат кард.

Бошгоҳи Фейеноорд Ҳоланд бо дархости Алиризо Ҷаҳонбахш, миллипӯши футболи Эрон барои ҳузури наёфтан дар муқобили намояндаи режими ғосиби саҳюнистӣ мувофиқат кард.

Тими футболи Фейеноорд Ҳоланд, сешанбеи ин ҳафта дар яке аз мусобиқоти ҳафтаи аввали фасли ҷадиди Лигаи Аврупо бояд дар замини намояндаи режими ғосиби саҳюнистӣ муқобили тими «Маккаби Хайфа» ба майдон биравад, ки Алиризо Ҷаҳонбахш дар ин мусобиқа тимашро ҳамроҳӣ намекунад.

Бино бар эъломи Бошгоҳи Фейеноорд, сармураббии ин тим бо дархости Алиризо Ҷаҳонбахш мабнӣ бар нарафтан ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳамроҳ бо дигар бозикунон мувофиқат карда, чаро ки варзишкорони эронӣ ҳамвора дар тақобул бо намояндаҳои режими саҳюнистӣ ҳозир нахоҳанд буд.

 

Барчасп