Адмирал Шаҳроми Эронӣ: Рӯнамоӣ аз муҳаррики тамомсохти эронӣ; ба зудӣ
Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон гуфт, умедворем муҳаррики тамомсохти эронӣ, ки бо кумаки марокизи илмӣ ва ширкатҳои донишбунён ва бо талоши ҷавонони барӯманд тарроҳӣ шудааст, ба зудӣ рӯнамоӣ шавад.
Адмирал Шаҳроми Эронӣ аз бозгашти ду новшикани тамомэронии саҳанд ва новарбандари Макрон тайи рӯзҳои оянда ба обҳои сарзаминӣ хабар дод ва гуфт, новгурӯҳи амалиётии нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрони муташакил аз новшикани тамомэронии Саҳанд ва новбандари Макрон бо убӯр аз се уқёнуси Ҳинд, Атласи Ҷанубӣ ва Атласи Шимолӣ ва оброҳҳои муҳими ин се уқёнус, ки роҳҳои роҳбурдӣ буда ва дар ҳавзаи жеоплитии дарёӣ матраҳ ҳастанд, убӯр карданду бо паймудан 45 ҳазор километр ва 120 рӯзи дурӣ аз ватан ба обҳои сарзаминӣ ворид шуда ва тай чанд рӯзи оянда дар бандар паҳлу хоҳанд гирифт.
Шаҳроми Эронӣ тасреҳ кард, мо дар минтақа танҳо кишваре ҳастем, ки ба сӯрати мустақил ин маъмурияти сангинро дар шароити таҳриму таҳдид анҷом медиҳем ва то имрӯз ва дар оянда ин ҳавзаҳоро тақвият хоҳем кард, ҳеҷ таҳдиде моро аз масиру маъмурият боз надошта ва на танҳо ақиб нарафтем, балки ҷилавтар рафтем чун имрӯз уқёнуси Ҳинд ҳам барои мо тақрибан кӯчак аст.
Вай ҳамчунин дар бораи охирин вазъияти пешронҳои тавлиди дохилӣ гуфт, дар ҳавзаи пешрон, муҳаррики тамомсохти эронӣ бо кумаки марокизи илмӣ ва ширкатҳои донишбунён ва бо талоши ҷавонони барӯманд тарроҳӣ шудааст ва умедворем мароҳили озмоиш онҳо тамом шавад то нисбат ба рӯнамоии пешронҳо иқдом кунем. Пешронҳои мавсуф дар воқеъи муҳаррикҳои дизелии дарёӣ ҳастанд, ки аз мушаххасоти вижае бархӯрдоранд.